баҳо

баҳо
[بها]
1. қимат, нарх, арзиш; баҳои хун чиз ё пуле, ки ба ивази хуни шахси кушташуда ба ворисони ӯ медоданд, хунбаҳо; баҳо кардан нарх таъйин кардан, қимат гузоштан, арзиши чизеро муқаррар кардан; баҳо карда додан а) нарх монда додан, қимати чизеро таъйин карда додан; б) ба бадали қарз, андоз, маош ва ғ. чизеро ҳисоб карда додан; баҳо надорад а) нархаш таъйин нашудааст, қиматаш муқаррар нашудааст; б) киноя аз гаронбаҳо аст, пурқимат аст; азизу арҷманд аст
2. фикру мулоҳиза, ақида, андеша; баҳо додан изҳори ақида кардан, фикр баён кардан, арзёбӣ кардан; баҳои баланд додан хеле тақдир кардан; зиёд таърифу тавсиф кардан; баҳои сазовор додан ба таври шоиста тақдир кардан
3. дараҷагузорӣ ба дониши талаба бо рақамҳо (мас., 2, 3, 4 ва 5) ё бо калимаҳои сифат (бад, миёна, хуб, аъло): баҳо гузоштан, баҳо мондан; дар баҳои… ба музди …; ба ивази…; ба баҳои ҷон харидан ба нархи бисёр гарон харидан; ба даст овардан бо қимати хеле баланд

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужна курсовая?

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»